rbda_vkd
23/06/2023
Корманди БДА, оташро хомӯш ва аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намуд
Кормандони мақомоти милитсия дар баробари мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамзамон дар фаъолияти ҳамарӯзаи кории худ бо мушоҳидаи ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш кумаки беғаразонаи худро ба шаҳрвандон мерасонанд. Аз ҷумла, корманди Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия Раҷабов Аъзам Умархонович алангаи оташи воситаи нақлиётро хомӯш намуда, аз оқибатҳои фалокатбор пешгирӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир аз сабаби ниҳоят гарм шудани ҳаво, оташ гирифтани баъзе аз воситаҳои нақлиёт ба мушоҳида мерасанд.
Аз ҷумла, санаи 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 19:00 дақиқа, лейтенанти калони милитсия, Раҷабов Аъзам Умархонович, ки тавассути воситаи нақлиёти худ бо кӯчаи Нисор Муҳаммад ҳаркат дошт, мушоҳида менамояд, ки воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Саната», рақамҳои қайди давлатиаш 8202ВВ01, ки бо кӯчаи мазкур ҳаракат дошт, оташ гирифтааст. Аммо, ронандаи автомашинаи мазкур ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома дода, аз оташ гирифтани автомашинаи худ хабар надорад.
Корманди бозрасӣ бо мушоҳидаи ин ҳолат пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, воситаи нақлиёти мазкурро боздошта, бо истифода аз дастгоҳҳои сухторхомушкунӣ ва кӯмаки шаҳрвандон алангаи оташро дарҳол хомӯш кардааст. Воқеан ин амали ҷавонмардонаи номбурда боиси таҳсин буда, ронанда ва модару ду кӯдаки хурдсоли ӯро аз коми оташ ва оқибатҳои фоҷеабор наҷот дод.
Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин амалкарди ҷавонмардонаи лейтенанти калони милитсия, Раҷабов Аъзамро намунаи ибрати дигарон хонда, ба ӯ изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Click here to claim your Sponsored Listing.
Category
Website
Address
Душанбе
Dushanbe