S.M -

S.M -

Share

10/08/2025

..

Ман Эмилия Сориано ҳастам. Ман дар почта, дар як шаҳраки хурде кор менамудам, ки мардуми ин шаҳрак ҳеҷ чизи ғайриоддӣ наменавиштанд ё ба назарам чунин менамуд.
Ҳар моҳ, дар як вақти қариб бетағйир бачачаи хурдсоле, ки аз ҳафтсола зиёд набуд, дар даст лифофаи чиркинро гирифта, дар даст нигоҳ медошт ва ба касе намедод, ворид мешуд.
Муроҷиат ҳамеша як буд:
- Мактуб ба модарам дар биҳишт.
Ӯ ба назди қуттии почта медаромад, чанд лаҳза хомуш меистод, гоҳе чашмонашро пушида баъд мактубро ба дарун мепартофт, гуё маросими муқаддасро иҷро мекарда бошад.
Ва мерафт ҳарфе нагуфта, боло нигоҳ накард, гӯё бо вуҷуди набудани ӯ вазифаи худро дар назди шахси дӯстдоштааш иҷро мекард.
Моҳҳо мегузаштанд ва ман амали ӯро тамошо мекардам. Ҳар дафъа номаи ӯ дар дилам чизе батаъсир меҷуст.
То рӯзе хомӯшӣ дар дохили ман фурӯ рехт.
Ба дӯстам, нависандае, ки бо сухан гармиро медод, занг задам ва саргузашти кудакро ба ӯ нақл кардам...
Баъд ба номи кудак нома навиштем, аммо на мисли дигарон: коғази нарм, ҳарфҳои калон, бӯи сабуки ванилин гӯё худи ҳар ҳарф бӯи модар ва оғӯши модар медод.
Мо навиштем:
"Салом, фариштаи кучаки ман...
Ҳамаи мактубҳои туро хондам ва ҳар кадомаш бароям ситорае дар осмон фурузон мекунад.
Навиштанро бас накун, зеро ман ҳамеша туро мешунавам. Ман бо ту ҳастам, ҳатто агар маро намебинӣ".
Мо мактубро ба қуттии почтааш партофтем.
Рузи дигар бачачаи хурдакак омад.
Аммо ин дафъа ӯ танҳо роҳ намегашт бо як ҳаяҷон медавид.
Ӯ бо шавқу ҳавас қуттии почтаро кушод ва мактубро дида, онро сахт ба оғуш гирифт, бӯй менамуд гуё ниҳоят дил ба дилаш расида бошад, мактуб бӯи модар медод.
Дар чашмони ӯ чизе буд, ки онро на китоб ва на шеър тасвир карда наметавонист.
Баъд ӯ бо овози ларзон пичиррос зад:
- Ман медонистам. Ман медонистам, ки модарам маро мешунавад...

__Онҳое, ки мо дӯст медорем, ҳеҷ гоҳ тарк намекунанд... Онҳо танҳо паёмҳои моро аз ҷое дар боло мехонанд...



https://www.facebook.com/profile.php?id=100063788407371

03/08/2025

...

Ҳикояи Ҷефф Безос, миллиардер Ва Асосгузори Амазонка

Вай яке аз афсонаҳои пурмазмун дар таърихи Амазонка мебошад. Ин аст достони Ҷефф Безос, миллиардер ва асосгузори Амазонка ва зиндагии ӯ пеш аз ва баъд аз шуҳрат чӣ гуна буд.
Ҷефф Безос муҳандиси компютерӣ ва соҳибкор аст. Ӯ 12 январи соли 1964 дар Албукерка, Ню-Мексико, ИМА таваллуд шудааст. Модари Ӯ, Жаклин Гис, вақте ки бо падари ӯ Тед Йоргенсен издивоҷ кард, наврас буд. Пас аз талоқ, Ӯ Бо Мигел Безос, муҳоҷири кубӣ издивоҷ намуд Ва Мигел Ҷеффро ба фарзандӣ қабул кард ва насаби Ӯро гирифт.
Пас аз издивоҷи дуюми модараш, оила ба Хиюстон кӯчид, Ки Дар он Ҷо Ҷефф дар мактаби "River Oaks" аз синфи чорум то синфи шашум таҳсил намуд. Баъдтар оила ба Майами, Флорида кӯчид, ки дар он ҷо Ҷефф дар мактаби миёнаи Майами Палметто таҳсил намуд. Вай инчунин дар барномаи омодасозии донишҷӯен дар соҳаи илм дар донишгоҳи Флорида иштирок намуда дар соли 1982 ҷоизаи "райсари Нуқра" - ро гирифт.
Ҷефф Безос вақте ба донишгоҳи Принстон дохил шуд, дар он ҷо илми информатикаро омӯхта ба анҷом расонид. Соли 1984 дар Норвегия дар таътили тобистона ҳамчун барномасоз кор намуд. Соли оянда ӯ нармафзори Ibm-ро дар Калифорния таҳия кард.
Ҷефф Безос инчунин президенти Барномаи тадқиқоти кайҳонии Принстон интихоб шуд, ки соли 1986 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард ва дараҷаи бакалаврро дар соҳаи электротехника ва информатика гирифт.
Пас аз хатми донишгоҳ, Ҷефф дар Якчанд ширкатҳои Уолл стрит, аз ҷумла "Fitel Bankers Trust" кор кард ва сипас ба ширкати сармоягузории "D. E. Shaw" гузашт, ки дар он ҷо соли 1990 ҷавонтарин ноиби президент дар таърихи ширкат шуд. Карераи иқтисодии Ҷефф умедбахш ва бениҳоят фоидаовар ба назар мерасид, аммо ногаҳон ӯ тасмим гирифт, ки чаҳор сол танаффус гирад!
Дар Соли 1995, Ҷефф Безос ба тиҷорат баргашт Ва "Аmazon", як мағозаи китобҳои онлайниро таъсис дод. Бо вуҷуди шубҳанокии бисёре аз мутахассисони маркетинг ва фурӯш ба муваффақияти он, сайт маъруфияти васеъ пайдо кард ва дар соли 1997 ба сатҳи байналмилалӣ баромад. Соли 1998 сайт ба диверсификатсияи диапазони худ бо илова кардани cd ва видео шурӯъ кард ва дар соли 2002 ба фурӯши либос шурӯъ намуд. Соли 2003 дар сайт инчунин системаи ҷустуҷӯии A9 сохта шуд, ки ба сайтҳои тиҷорати электронӣ тахассус дорад.
Дар Соли 2010, Amazon бо агентии "Wylie" созишнома дар бораи додани ҳуқуқи рақамӣ ба асарҳои бисёр муаллифонро имзо кард. Ин фоида ва фурӯши сайт ва аз ин рӯ фоидаи муаллифонро, сарфи назар аз эътирози баъзе нашриётҳо, ба таври назаррас афзоиш дод.
5 августи соли 2013, Ҷефф Безос рӯзномаи "Washington Post" ва ҳамаи ширкатҳои фаръии Онро барои "Amazon" ба маблағи 250 миллион доллар харид ва ба назорати беш аз чилсолаи оилаи Грэм бар ширкат хотима бахшид.
Дар моҳи декабри соли 2013, Ҷефф Безос барномаи Озмоишии Amazon-ро бо Номи "Amazon Prime Air" муаррифӣ кард, ки истифодаи дронҳои хурдро барои интиқоли мол ба муштариён дар радиуси даҳ мил аз шӯъбаҳои ширкат дар бар мегирад.

Тибқи омори The Richest дар соли 2016, дороии Ҷефф Безос тақрибан 63,6 миллиард долларро ташкил дод. Amazon инчунин яке аз сайтҳои машҳуртарини тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон ва ҷои рақами як барои харидани китобҳо дар интернет мебошад...



https://www.facebook.com/profile.php?id=100063788407371

Want your public figure to be the top-listed Public Figure in Dushanbe?
Click here to claim your Sponsored Listing.

Category

Telephone

Website

Address


н. И. Сомонӣ, к. Бухоро
Dushanbe